Дар бораи Мо

Ҷамъияти Оксус оид ба корҳои Осиёи Марказӣ, ки дар соли 2020 таъсис ёфтааст, як созмони ғайритиҷоратии дар Ноҳияи Колумбия қарордошта буда, ба тақвияти мубодилаи академӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва тамоми ҷаҳон нигаронида шудааст.

Ҷамъияти Оксус мақсад дорад:

  • Осон намудани мубоҳиса ва мубодилаи афкор дар атрофи як қатор масъалаҳо дар Осиёи Марказӣ;
  • Ба вуҷуд овардани ғояҳои нав ва роҳҳои ҳалли бо дониш асосёфта барои мушкилотҳои минтақа;
  • Таъмини омӯзиш, дастгирӣ ва кӯмак ба муҳаққиқоне, ки дар Осиёи Марказӣ кор мекунанд;
  • Нишон додан, ки то чӣ андоза минтақа ва нигарониҳои он, оқибатҳо ва аҳамияти васеътар дорад

Ҷамъияти Оксус:

  • Барои тадқиқотчиёни касбии пешрафта, таҷрибаомӯзон ва академикҳои таъсисёфта платформае муҳайё мекунад, то кори худро ба шунавандагони аудитроияи васеъ, тавассути нашри пажӯҳишҳо оид ба сиёсат, иқтисод, фарҳанг, таърих ва ҷомеаи Осиёи Марказӣ пешкаш кунанд;
  • Маҷмӯаҳои аслии маълумотҳоро таҳия менамояд ва рушди воситаҳои таҳлилӣ барои фаҳмиши пешрафтаи таҳаввулотҳои охирин дар минтақа таҳия менамояд;
  • Барои олимон ва аъзоёни ҷамъомад чорабиниҳо ташкил мекунад;
  • Барои омӯзгорон ва муҳаққиқон манбаъҳо ҷойгир мекунад;
  • Семинарҳоеро, ки ба этика, усулҳо, таҳлили маълумот ва нашриёт барои муҳаққиқон, ки дар Осиёи Марказӣ фаъолият доранд, равона шудаанд, ташкил мекунад.

Тадқиқот барои рушди Осиёи Марказӣ муҳим аст ва нигарониҳои рӯзмарраи он қарорҳои ба дониш асосёфтаро тақозо мекунанд. Рушди бахши академӣ ба мубодилаи фарҳангӣ, навовариҳо, рушди сармояи инсонӣ ва рушди иқтисодӣ мусоидат мекунад. Мо боварӣ дорем, ки мардумони Осиёи Марказӣ ва берун аз он аз робитаҳои наздиктар, мубодилаи фарҳангӣ ва сармоягузорӣ ба мардум ва муассисаҳои минтақа, фоида мебаранд.

Чаро Оксус?

Мо номи худро аз Амударё, ки аз кӯҳҳои Помир дар қалби Осиёи Миёна то баҳри Арал ҷорӣ мешавад ва дар замонҳои пеш бо номи Оксус шинохта мешуд,  мегирем. Таърихан, худи минтақа бо номи Трансоксиана маълум буд, бо истилоҳ аз тарафи Искандари Мақдунӣ машҳур гардонида шуда буд, маънои сарзамини берун аз Оксусро дошт. Ин маҳал он ҷое буд, ки фарҳангҳо ба ҳам меомаданд ва донишу молҳо табодул мешуданд – ҳиссиёте, ки мо дар асри 21 талош мекунем.

Мо бо Осиёи Марказӣ чӣ маъноро дар назар дорем?

Бо истилоҳи Осиёи Миёна, мо Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва минтақаҳои муосири Хитой, ки ҳоло Синҷян ном дорад, аммо таърихан онро сокинони Туркистонҳои Шарқӣ меномиданд, дар назар дорем. Дар ҳоле, ки ин шаш минтақа дар маркази таваҷҷӯҳи мо қарор доранд, мо эътироф менамоем, ки Осиёи Марказӣ бо давлатҳои ҳамсоя ба монанди Русия ва Чин ва минтақаҳои тобеи Ҳиндустон ва Осиёи Шарқӣ робитаи амиқ дорад. Ҷамъияти Оксус мақсад дорад, ки Осиёи Марказиро дар сарҳадҳои тағйирёбандаи геополитикии ҷаҳони бисёрпаҳлӯ бо болоравии Ҳиндустон ва Чин, ҷойгиру равона созад ва мекӯшад, ки аз ин нуқтаи назар фарҳанг, сиёсат ва таърихи минтақаро дубора арзёбӣ кунад.

Арзишҳои Асосии Мо

Ҷамъияти Оксус содир аст ба:

Плюрализм: Мо тафаккури интиқодӣ, мустақилияти ақида ва озодии илмиро пеш мебарем.                          

Фарогирӣ: Мо як платформаро барои шахсони гуногунмиллат ва қаблӣ, синну сол ва фанҳои гуногун пешниҳод мекунем, то дар масъалаҳои мухталиф озодона ва ошкоро сухан гӯянд.

Тавозун: Мо мекӯшем, ки форум барои мубоҳиса ва муҳокима дар атрофи як қатор нуқтаи назарҳо ва ғояҳои гуногун таъмин кунем.

Баробарӣ: Мо донишро ба таври муштарак истеҳсол мекунем, ки ба ашхоси дар эҷоди ғояҳо ҷалбшуда пурра мусоидат мекунад.

Эмпирисизм: Мо таҳқиқот ва таҳлилро, ки аз ҷамъоварии дақиқи аслии маълумот аз сарчашмаҳои гуногун гирифта шудаанд, паҳн мекунем.

Равиши Мо

Тавассути рисолат ва арзишҳои асосии худ, Ҷамъияти Оксус платформаи беназиреро барои фаҳмиши амиқи масъалаҳои Осиёи Марказӣ эҷод кардааст. Ҷамъияти Оксус як қатор олимон, рӯзноманигорон, фаъолон, соҳибкорон ва шахсони мансабдори давлатиро бо мақсади ҷалб кардани таваҷҷӯҳ ба мавзӯъҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ ва ҷаҳонӣ, ҷамъ меорад. Ҷамъияти Оксус мавқеи худро дар доираи минтақаи рушдёбандаи Осиё муайян карда, аз доираи стереотипии андешаҳои Ғарбӣ дар нисбати минтақа берун баромада, кӯшиш мекунад, ки овози навро ба пеш барорад ва муколамаи воқеиро эҷод кунад. Барномаҳои моро иштирокчиёно аз тамоми ҷаҳон пеш мебаранд ва дар табиат бетарафанд. Ҷамъиятии Оксус гузориши тадқиқотҳоеро мебарорад, ки тамоюлҳои асосии минтақаро инъикос мекунанд. Таҷрибаомӯзии мо ба ширкаткунандагони интихобшуда имкон медиҳад, ки дар минтақа лоиҳаҳои муштараки тадқиқотӣ гузаронанд ва рисолати Ҷамъияти Оксус пеш баранд. Бо ҷамъ овардани маҷмӯаи маълумотҳои аслӣ оид ба як қатор масъалаҳои асосӣ, Ҷамъияти Оксус ба такмил додани фаҳмиш ва кӯмак расонидан ба рӯзномаи таҳқиқотӣ дар минтақа равона шудааст. Тавассути ин чорабиниҳо, мо шабакаи интиқоли донишро байни доираи васеи одамон ва муассисаҳо мустаҳкам мекунем.

Read Our Latest

Read the latest work from our staff and researchers.

Get to Know Us

Meet our staff.

Frequently Asked Questions

Learn about our story and mission.

Check Upcoming Events

Register for upcoming events in Washington, DC, or streamed online.