Пас аз интихоботи ношаффоф: Тоҷикистонро чӣ интизор аст?
Эмомалӣ Раҳмони бо ниқоби тиббӣ рӯзи 11 октябр дар шашумин интихоботи президентӣ, ки дар таърихи 29-солаи ин кишвар суръат гирифт, овоз дод. Барои ягон кас тааҷҷубовар нест, ки дар натиҷаи овоздиҳӣ Раҳмон –и 68-сола, ки дар ҳамаи интихоботҳои гузашта пирӯз шуда буд ва аз соли 1992 сарвари давлат аст, бо каме бештар аз 90 % овозҳо пирӯз шуд. Чаҳор рақиби ӯ, ки ҳеҷ кадоме аз онҳо мухолифини мустақил набуданд, маъракаҳои пешазинтихоботии заиф пеш бурданд, ки дар натиҷа, таваҷҷӯҳи зиёди мардумро ба бор наоварданд. Бо вуҷуди он ки васоити ахбори оммаи мустақил дар бораи қаллобӣ, аз ҷумла, овоздиҳии чандкарата хабар дод, нозирон аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) зуд ба хулоса омаданд, ки овоздиҳӣ «ба меъёрҳои демократӣ ҷавобгӯ буд». Бо ба даст овардани пирӯзӣ дарозумртарин роҳбари Осиёи Марказӣ тавонист ҳадди аққал ҳафт соли ойянда дар ин мақом бимонад.
Дар баробари ин, ба масъалаи амният дар кишвар дар арафаи интихобот аҳамияти ҷиддӣ дода шуд. Чунки ҳамагӣ як ҳафта қабл дар ҳамсоякишвари Қирғизистон пас аз эълони натиҷаҳои интихоботи парлумонӣ дар кишвар тазоҳурот, эътирозҳои саросарӣ, нооромиҳо ва талош барои сарногун намудани қудрат ба вуҷуд омада буд. Ин боис гардид, ки роҳбарияти кишвари Тоҷикистон барои таъмини интихоботи амн ва аз ҳама муҳим, таъмини бехатарии кишвар пас аз эълони натиҷаҳои он, тамоми саъю кӯшишҳои худро равона сохтанд, то ки лоиҳаи ҳодисаҳои Қирғизистон дар Тоҷикистон рух надиҳанд, гарчанде ки дар Тоҷикистон хатари сар задани чунин эътирозҳо вуҷуд ҳам надошт.
Дар соли 2020 ин дуввумин интихобот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Моҳи март ҳизби ҳоким – Ҳизби халқӣ-демократӣ соҳиби 47 курсӣ аз 63 ҷой дар маҷлиси поёнии парлумон шуд. Мисли овоздиҳии ҳафтаи гузашта, нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) гуфтанд, ки интихобот дар “муҳити назорати қатъӣ ва ҷиддӣ ” сурат гирифт.
Бо истифода аз интихобот Раҳмон қудрати худро оҳиста-оҳиста мустаҳкам кард ва ин амал бо такя ба қонунӣ будани ҳокимияти ӯ суръат мегирифт. Моҳи ноябри соли 1992 дар шароити ноороми сиёсии давлат ва авҷи ҷанги шаҳрвандӣ, Раҳмон роҳбари Шӯрои Олӣ ва сарвари давлат таъин шуд. Соли 1994 бошад, вай бори аввал дар интихобот номзадии худро бар муқабили номзадии намояндаи элитаи шимол Абдумалик Абдуллоҷонов гузошт. Он вақт Раҳмон бо 58% овозҳо пирӯз шуд.
Дар интихоботи навбатӣ, дар соли 1999 рақиби Раҳмон намояндаи ҳизби мухолиф Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), ки тоза қонунӣ эълон шуда буд, Давлат Усмон буд. Новобаста аз он ки мухолифин ба рад кардани интихобот даъват кард, Раҳмон 97% овозҳоро ба даст овард. Интихоботҳои минбаъда дар солҳои 2006 ва 2013 ба шаклу намуди интихоботи кунунӣ мувофиқат мекунанд, зеро номзадҳои мухолиф мустақил набуданд ва дар интихобот ба хотири риояи шартҳои интихоботи демократӣ, бо шакли сохтакорӣ иштирок мекарданд. Раҳмон чи гунае, ки хост, ҳамон тавр қонуни асосии кишвар Сарқонунро тайғир ва илова кард. Мақсади асосии ин иловаҳову тайғиротҳо ҳарчи зиёдтар дар сари қудрат боқӣ мондан буду халос. Соли 2015 Раҳмон Пешвои миллат таъин шуд ва соли 2016 бо кӯшишу талошҳои зиёди атрофиёнаш ин унван барояш якумра эълон шуд.
Тамоми интихоботҳои азсаргузарондаи Тоҷикистонро “зомби нозирон” аз ташкилотҳои минтақавӣ, аз қабили Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), ИДМ ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) дастгирӣ карданд ва қонунӣ эълон мекарданд. Дар баробари ин бошад, нозирони САҲА ҳеҷ гоҳ интихоботи Тоҷикистонро озод ва одилона эълон накардаанд. Аммо созмонҳои дастнигарандаи Русия ва Чинпайваста қайд мекарданд, ки интихоботҳо дар доираи қонун ва ҷавобгӯи “стандартҳои демократӣ” амалӣ карда шуданд.
Интихоботи президентии ҳафтаи гузашта дар Тоҷикистон нахустин пас аз манъи ҲНИТ дар соли 2015 буд. Дар интихоботи қаблии президентӣ онҳо номзадии ҳуқуқшинос ва фаъоли ҷамъиятӣ Ойнҳол Бобоназароваро пешбарӣ карданд, ки ин амал нишонаи пайравӣ аз принсипҳои демократӣ ва ҳифзи ҳуқуқи башар буд. Аммо ӯ натавонист, ки 210 000 имзои мувофиқи қонун барои номзад ба мақоми президентӣ пешбинишударо ҷамъ оварад. Вазъи сиёсӣ дар кишвар боз ҳам мураккаб гашт ва ҲНИТ чун ҳизби мухолиф ва амалкунанда дигар барои Раҳмон ва атрофиёнаш халалдор гашт. Инак, пас аз фишори солҳои дарози ҳукумат, маҳдудгардонии фаъолият, халалдорсозиҳои иқтисодӣ соли 2015 мувофиқи Протоколи №32-20, бо фармони Раҳмон ва аз ҷониби Суди Олӣ ҲНИТ як созмони террористӣ дониста шуда, дар кӯшиши эҳтимолии табаддулот дар кишвар гунаҳкор дониста шуд. Ягона ҳизби мухолифи мустақил, Ҳизби сотсиал-демократҳо, ки дар кишвар боқӣ мондаанд, овоздиҳии рӯзи якшанберо рад карданд.
Ду номзади дигар кӯшиш карданд, ки дар интихобот сабти ном шаванд. Инҳо Фаромуз Иргашев, ҳуқуқшиноси 30-солаи муқими Хоруғ буд. Ӯ ба ислоҳоти демократӣ дар кишвар даъват мекард ва натавонист дастгирии кофӣ ба даст орад ва номзадиашро ба мақоми президентӣ дар интихобот пешниҳод намояд. Дувумин вакили парлумон аз Ҳизби демократ Саидҷаъфар Усмонзода буд, ки вокуниши ҳукуматро ба Covid-19 танқид мекард. Ӯ дар арафаи маъракаи пешазинтихоботӣ ба тақаллуби имзоҳо муттаҳам шуд ва аз ҳуқуқи пешбарии номзадии худ маҳрум гашт.
Раҳбари собиқадори давлат Раҳмон ҳангоми оғози давраи панҷуми президентии худ ба ду мушкили бузург рӯ ба рӯ хоҳад гашт. Новобаста аз он ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шароити пандемияи Covid-19 қарори карантин ҷорӣ нагардид, аммо ин маънои онро надорад, ки кишвар аз мушкилиҳои иқтисодӣ дар канор аст, баръакс вазъияти бе ин ҳам мушкили иқтисодии мамлакат, ҳоло ба бӯҳрони шадиди иқтисодӣ гирифтор шудааст. Интиқоли молӣ аз Русия, ки сеяки буҷҷаи давлатро дар соли 2019 ташкил медод, тибқи нишондодҳои Бонки марказии Русия, 38 % коҳиш ёфтааст. Тибқи омари Бонки Ҷаҳонӣ 80% -и интиқоли пул дар Тоҷикистон барои хариди ниёзҳои аввалия сарф мешавад. Дар моҳи майи соли ҷорӣ 57 % -и оилаҳои пурсидашуда, истеъмоли хӯрокро коҳиш доданд. Бо афзоиши нархҳо дар фасли зимистон, амнияти озуқаворӣ ба як масъалаи аввалиндараҷа табдил хоҳад ёфт.
Раҳмон инчунин бояд назари худро ба муборизаи дохили оилавӣ барои ҳокимият андӯзад. Чунки вориси интихобкардаи ӯ зоҳиран писари 32-солааш Рустам мебошад. Ӯ оҳиста-оҳиста ба сафҳои ҳукумат боло рафт ва моҳи апрели соли ҷорӣ раиси палатаи болоии парлумон таъин шуд, ки мувофиқи тақсимоти ҳукумат дар Тоҷикистон шахси дуюм пас аз мақоми президет ба ҳисоб меравад. Аммо Рустам ягона узви оилаи калони Раҳмон нест, ки қудрати иқтисодӣ ва сиёсиро ҷамъ овардааст. Бародари зани Раҳмон Ҳасан Асадуллозода бузургтарин ширкати ҳавопаймоии кишвар ва яке аз бонкҳои калонтарини онро назорат мекунад. Духтари Раҳмон Озода раҳбари дастгоҳи ӯст ва шавҳараш аз мансаби худ дар Бонки Миллӣ барои назорати бахши бонкӣ истифода мебарад. Ду писар аз оилаи Соҳибовҳо аз миёни ҳафт духтари Раҳмон, бо ду нафари онҳо издивоҷ кардаанд, тавассути ширкати ҳолдингии “Фароз” соҳаҳои муҳими иқтисодиёти мамлакатро назорат мекунанд.
То ин вақт, Раҳмон маҳорати хуби идораи вазъи оилавии худ ва қобилияти ҳалли мусолеҳонаи муноқишаҳои эҳтимолиро дар оила намоиш медод. Аммо агар ӯ ногаҳон ғайрифаъол шавад ва дигар аз ӯҳдаи иҷрои вазифаҳояш набарояд ва вақте ки қудратро ба писари худ месупорад, эҳтимоли низоъ дар дохили элита ва хусусан номояндагони зиёди оилаи ӯ меафзояд. Ҳар касе, ки вориси Раҳмон шавад, он қудрату тавоноии ӯро нахоҳад дошт. Чунки ба Раҳмон муяссар мегардад, ки тамоми мушкилоту тафоввути дохилиоилавии худро то оммавӣ гаштани он фурӯ нишонад. Ҳамин тариқ, пас аз анҷоми васву ситоиш ва табрикоти Раҳмон ба ифтихори ҳафт соли навбатии ҳукмронии президентии ӯ, Раҳмонро месазад, ки дар моҳҳои наздик бо як миқдор муноқишаҳои оилавӣ ва минтақавии худ хотима диҳад.
Олег Антонов муҳаққиқи ташрифоварда Донишгоҳи Малмо дар Шветсия мебошад. Эдвард Лимон профессори Донишгоҳи Техаs A&M дар Вашингтон мебошад.